13.01.2014
Меъёри бозтамвил боз ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст карда шуд
Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар гардид.
Ин дафъа низ тағйироти навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ, таъсири омилҳои берунӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки соли гузашта меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ду маротиба яке 8 июл ба андозаи 0,6 банди фоизӣ ва дафъаи дуюм 7 октябри соли 2013 ба андозаи 0,6 банди фоизӣ паст карда шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ