16.01.2014
Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9345-4,9505 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме афзуда, ба 0,1469-0,1478 сомонӣ ва 6,6494-6,6660 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз бошад, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9360-4,9520 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9400-4,9500 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9400-4,9500 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ