23.01.2014
Диққат, озмун дар Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғол намудани вазифаи мутахассиси дараҷаи 1 дар Шуъбаи назорати низоми пардохти Департаменти низоми пардохт озмун эълон менамояд.
Талабот ба номзад:
• маълумоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқи байналмилалӣ;
• таҷрибаи корӣ дар таҷҳизоти терминалии бонкӣ;
• донистани қоидаҳо ва тарзи кори низомҳои пардохти миллӣ ва байналмилалӣ;
• донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ ва англисӣ;
• собиқаи кори на камтар аз 3 сол:
Доштани таҷрибаи корӣ оид ба:
• системаҳои амалиётии MS Windows XP/7;
• барномаҳои MS Office 2007/2010;
• додугирифти маълумот тавассути почтаи электронӣ;
• ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот доир ба низомҳои пардохти байналмилалӣ ва низомҳои интиқоли маблағҳо;
• таҳияи намоишҳо (презентатсияҳо);
• таҳияи дастурҳои (супоришҳои) техникӣ;
• таҳияи санадҳои меъёрӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ ё унвони илмӣ (диплом);
Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Бонки миллии Тоҷикистон
Шуъбаи баҳисобгирии кормандон
Телефон барои маълумот: 44-600-32-13
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 7 феврали соли 2014
Хадамоти матбуоти
БМТ