Марҳамат ба озмуни БМТ

Бойгонии ахбор
23.01.2014

Марҳамат ба озмуни БМТ

    Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғол намудани вазифаи сардори Шуъбаи коркарди иттилоот дар Департаменти мониторинги молиявӣ озмун эълон менамояд.

Талабот ба номзад:
• маълумоти олии техникӣ ё маълумоти олӣ дар соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
• таҷрибаи кории маъмури пойгоҳи маълумот (DBA);
• донистани забонҳои барномасозии Oracle PL/SQL;
• донистани C# , C++ ё .Net афзалият дорад;
• таҷрибаи татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle;
• донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ;
• донистани забони англисӣ дар дараҷаи хонда фаҳмидани адабиёти техникӣ;
• таҳияи санадҳои меъёрӣ - техникӣ;
•иштирок дар амалигардонии лоиҳаҳои низомҳои автоматишуда;
• собиқаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ на камтар аз 3 сол:

Доштани таҷрибаи корӣ оид ба:
• маъмурии системаҳои амалиётҳои Windows 2003/2008 server;  
• таҳияи дастурҳои (супоришҳои) техникӣ:
• насб ва идорасозии пойгоҳи маълумоти Oracle;
• ташкили кластерҳо (пайваст кардани серверҳо):
• мониторинги кори пойгоҳи маълумот:

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
• ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ ё унвони илмӣ (диплом);

Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Бонки миллии Тоҷикистон,
Шуъбаи баҳисобгирии кормандон
Телефон барои маълумот: 44-600-32-13
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 7 феврали соли 2014

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку