Рӯзи сешанбе, 21 январи соли равон дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи Москва» маросими додани иҷозат ба Бонки миллии Тоҷикистон барои иштирок дар муомилоти хариду фурӯши асъор баргузор гардид. БМТ ҳанӯз охири моҳи декабри соли гузашта узви комилҳуқуқи Биржаи номбурда шуда буд. 20 январи соли 2014 бошад, бонк дар биржа аввалин амалиёти хариду фурӯши худро анҷом дод.
Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар байни бонкҳои миллии давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё аввалин шуда иштирокчии савдо дар бозори якҷояи асъори Биржаи Москва гардид.
Дар маросими тантанавӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён, Мудири иҷроия оид ба бозори пулии Биржаи Москва Игор Марич, муовини Директори Департаменти сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии Авросиё Вадим Ковалев, Директори Департаменти муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Бонки марказии Русия Дмитрий Лякишев, муовини Президенти Бонки байнидавлатӣ Андрей Четиркин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ба ин чорабинии муҳим даъват шуда буданд.
Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин Ҷ. Юсуфиён иброз намуд, ки иштирок дар майдончаи Биржаи Москва ба бонк имконият медиҳад, ки сифат ва сатҳи хизматрасонии амалиётҳои иқтисоди хориҷиро дар байни субъектҳои иқтисодиёти кишвар баланд бардорад, хароҷотҳои амалиётиро кам ва номгӯи хизматгузориҳои дастраси бонкиро васеъ намояд.
Мудири иҷроия оид ба бозори пулии Биржаи Москва Игор Марич дар навбати худ қайд намуд, ки бозори якҷояи асъор дар ҷараёни инкишофи бозори асъори Биржаи Москва саҳми назаррас мегузорад. Номбурда изҳор дошт, ки ҳаҷми ҳисоби миёна рӯзонаи хариду фурӯш дар соли 2013 ба 19 млрд. доллари ИМА баробар шуд, ки нуқтаи баландтарини он дар моҳи декабри ҳамин сол - 35 млрд. доллари ИМА дар як ҳафта ба даст омада буд. Боварӣ дорем, ки бозорҳои дигар низ ин тамоюлро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ба таври маълумот метавон гуфт, ки бозори асъори Биржаи Москва яке аз бахшҳои муҳими бозори молияи Русия ба шумор меравад. Дар биржаи мазкур хариду фурӯш аз рӯи доллари ИМА, евро, гривнаи Украина, тангаи Қазоқистон, рубли Белорусия, юани Хитой анҷом дода мешавад. Тавре масъулини биржаи номбурда иброз доштанд, дар назар аст, ки то охири соли равон ба рӯйхати иштирокдорони додугирифти биржавии асъор чанд бонкҳои Қазоқистон ва Қирғизистон дохил карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ