23.01.2014
Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва евро каме баланд, рубли русӣ бошад, паст шуд
Ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9475-4,9658 сомонӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме паст шуда, 0,1454-0,1464 сомониро ташкил намуд ва бо евро бошад, андаке баланд шуда ба 6,6498-6,6758 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 23 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9700-4,9800 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9700-4,9800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9500-4,9700 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ