24.01.2014
Тавсеаи ҳамкориҳои байнибонкӣ бо бонкҳои Аврупо
17 январи соли равон дар шаҳри Франкфурти лаби Майн (Олмон) вохӯрии намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Коммерстбонки АГ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҷамъбасти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи фаъолияти бонкӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, ҷаноби Пер Фишер – Роҳбари Департаменти ҳамкориҳои байнибонкӣ иброз дошт, ки Коммерстбонки АГ ният дорад, дар оянда низ ҷанбаҳои хизматгузориҳои бонкӣ ва номгӯи воситаҳои молиявиро дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, ки имкон медиҳад муносибати тарафҳоро дар сатҳи сифатан нав баланд бардорад, васеъ намояд.
"Коммерсбонк" (ҶФО) яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ