27.01.2014
Пулҳои коғазии 50 фунти Британияи Кабир бо акси Ҷон Хаублон аз муомилот гирифта мешаванд
Бонки Инглистон эълон намуд, ки аз 30 апрели соли 2014 пули коғазии 50 фунти намунаи куҳнаро, ки дар он акси Ҷон Хаублон тасвир ёфтааст, аз муомилот мебарорад. Пулҳои номбурда то рӯзи нишондодашуда дар муомилот озод гардиш мекунанд. Дар давоми якчанд моҳи баъд аз муомилот баровардани онҳо бонкҳо ва ҷамъиятҳои сохтмонӣ ин пулҳоро ба сифати амонат дар суратҳисоби мизоҷон қабул хоҳанд кард.
Ҳамчунин ташкилотҳои молиявӣ, аз қабили Barclays, RBS, NatWest ва Ulster Bank and the Post Office эълон карданд, ки пулҳои коғазии 50 фунтаи номбурдаро дар ҳаҷми то 200 фунт дар шуъбаҳои дар кишварҳои дигар будаи худ то 30 апрели соли 2014 иваз менамоянд.
Бонки Инглистон ҳамеша пулҳои коғазии куҳнаи худро иваз хоҳад кард.
Пулхои коғазии 50 фунтаи нав бо акси Ҷеймс Уатт ва Метю Болтон, ки соли 2011 ба муомилот бароварда шудаанд, дар муомилот мемонанд ва метавонанд ба таври озод истифода шаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ