Вазъи нишондиҳандаҳои низоми бонкию макроиқтисодӣ дар соли 2013 бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва омилҳои берунии ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиррасон дар сатҳи муътадил қарор дошт.
Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 40,5 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,4 фоизро ташкил намуд. Рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 19,3 фоиз, сохтмон 17,2 фоиз, хизматрасонӣ 9,7 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,6 фоиз ва саноат 3,9 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар интиҳои моҳи декабри соли 2013 ба 5,0 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 фоиз зиёд мебошад.
Сатҳи таваррум раванди пастравӣ дошта, дар соли 2013-ум 3,7 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,1 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 3,2 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,8 фоиз ба миён омад.
Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар соли 2013-ум 1,3 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 5,3 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 2,9 фоиз афзуд. Аз ҷумла, гардиши савдо бо кишварҳои хориҷаи наздик 4,2 фоиз коҳиш ёфта, бо кишварҳои хориҷаи дур 8,6 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо ба 1,2 млрд. долл. ИМА ва воридоти молҳо ба 4,1 млрд. долл. ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14,4 фоиз кам ва 9,1 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 сиёсати пулию қарзиро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар баҳри иҷрои сатҳи пешбинишудаи нишондиҳандаҳои пулӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми молиявӣ ва мусоидат ба ҷараёни рушди иқтисодиёт равона намуд. Бо назардошти паст гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз то ба 5,5 фоизи солона паст карда шуд.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ 5,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 18,2 фоиз зиёд мебошад.
Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, аз қабили ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ соли гузашта мувофиқан 2 774,5 млн. сомонӣ ва 3 043,4 млн. сомониро ташкил дод.
Вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми пул (М2) дар интиҳои соли 2013 нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 17,7 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) 16,2 фоизро ташкил намуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 вобаста ба вазъи иқтисодию-молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, ба рушди боэътидоли ҳаҷми пул, устувории қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум дар доираи салоҳияти худ мусоидат намуд.
Департаменти сиёсати пулӣ