БМТ ба шабакаи интернетии “Thomson Reuters” пайваст шуд

Бойгонии ахбор
30.01.2014

БМТ ба шабакаи интернетии “Thomson Reuters” пайваст шуд

   Бонки миллии Тоҷикистон ба шабакаи интернетии «Thomson Reuters», ки дар ҷамъоварӣ ва паҳнсозии маълумотҳои оморию молиявии кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷрибаи бой дорад, пайваст гардид.
    Ширкати мазкур зиёда аз 100 ҳазор муштарии истифодабаранда дошта, мутобиқи маълумотҳои пешниҳодгардидаи оморӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад..
    Пайваст гардидан ба ин шабака мавқеъ ва эътибори низоми бонкии Тоҷикистонро афзун гардонида, байни кишварҳои олам дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд ва ҳамзамон барои рушди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ заминаи мусоид фароҳам месозад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку