Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
06.02.2014

Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бетағйир боқӣ монд

    Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,9620-4,9860 сомониро ташкил намуд.
   Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме паст шуда, ба 0,1404-0,1414 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд гардида, ба 6,6788-6,7020 сомонӣ баробар шуданд.
    6 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9720-4,9920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9675-4,9775 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9700-4,9900 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку