Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори «5500-солагии Саразм», «3000-солагии Ҳисор» ва силсилаи «Бозиҳои олимпӣ» - «Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ», «Лижаронии поёнсӯ»(Слалом) ва «Биатлон» панҷ намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 50 ва 100 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, барои ҳадафҳои нумизматӣ баровард.
Тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сикка зада шудаанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ