Бонки марказии Русия иҷозатномаи ТҚ “Евротраст”-ро бозхонд кард

Бойгонии ахбор
17.02.2014

Бонки марказии Русия иҷозатномаи ТҚ “Евротраст”-ро бозхонд кард

    Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Фармони Бонки марказии Русия аз 11 феврали соли 2014, иҷозатномаи Ташкилоти қарзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Европейский трастовый банк»-и ш. Москва (ТҚ ҶСП «ЕВРОТРАСТ»), ки барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ба вай дода шуда буд, бозхонд карда шуд.
    Бонки миллии Тоҷикистон дар кутоҳтарин фурсат оиди ба вукуъ омадани ин кор ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хабардор намуд ва онҳоро муваззаф кард,ки ҷиҳати пешгирии интиқоли минбаъдаи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути ТҚ ҶСП «ЕВРОТРАСТ»-и ш.Москва чораҳои заруриро андешанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку