БМТ: Вазъ дар бозори асъор муътадил аст

Бойгонии ахбор
20.02.2014

БМТ: Вазъ дар бозори асъор муътадил аст

Посух ба саволҳои хабарнигори Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс»
Зарина Эргашева.


    Феълан вазъ дар бозори асъор муътадил аст. Ба як муддати кутоҳ боло рафтани қурби доллари ИМА дар ҳафтаи гузашта асосан ба таъсири омилҳои мавсимӣ ва қисман ҳодисаҳои берунӣ, аз ҷумла паст рафтани қурби рубли русӣ ва беқурбшавии тангаи қазоқӣ вобастагӣ дошт.
   Барои бартараф кардани ноустувории қурби муомилоти нақдӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои қарзӣ барои қаноатманд гардонидани талаботи рӯзафзуни фаъолияти хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон аз 13 феврали соли равон фурӯши иловагии доллари ИМА-ро ба роҳ монд.
    Иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки дар якҷоягӣ бо иқтисодиёти глобалӣ пеш меравад, ба мисли иқтисодиёти дилхоҳ мамлакати дигар зери таъсири ҷараёнҳое, ки дар бозорҳои байналмилалӣ идома доранд, қарор дорад. Бинобар ин, тағйир ёфтани қурби асъори миллии мамлакатҳои бузурги минтақа – шарикони иқтисоди хориҷии мо низ то андозае метавонад таъсири худро ба қурби асъори миллии мо расонад.
    Соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ сиёсати қурбиро дар асоси реҷаи танзимшавандаи шинокунанда ба роҳ монда, қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар асоси таносуби эҳтиёҷот ва пешниҳодоти бозор ба онҳо муқаррар менамояд.
    Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати аз ҳад зиёд пасту баланд шудани қурб ва бо назардошти нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ҳамчунин вазъи бозори молиявии минтақавию ҷаҳонӣ ба бозори асъор мудохила менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку