Руйхати амалиётҳо барои бонкдории мобилӣ таҳия шудаанд

Бойгонии ахбор
24.02.2014

Руйхати амалиётҳо барои бонкдории мобилӣ таҳия шудаанд

    Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба андешидани чораҳо барои рушди низоми пардохт, ки бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ 21 феврал дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд, масъалаи татбиқ намудани роҳу воситаҳои бонкдории мобилӣ баррасӣ шуд.
    Дар марҳилаи якум руйхати амалиётҳое, ки аз ҷониби муштариён тариқи воситаҳои алоқаи мобилӣ ва аз ҷониби воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар гардиданд.
    Дар марҳилаи дуюм, таҳияи корти технологии амалиётҳои ба бонкдории мобилӣ вобаста, омода ва озмоишҳои интиқолҳои аввалин аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку