25.02.2014
Бақияи пасандозҳо 19,9 фоиз зиёд шуд
Афзоиши бомароми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат аз баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Тавре аз нишондиҳандаҳои охир бармеояд, бақияи пасандозҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,9 фоиз зиёд шуда, 5 639, 7 млн. сомониро ташкил дод.
Таҳлили моҳи январ нишон дод, ки таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 34,5 фоиз (1’945,2 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (3’694,5 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад. Дар ин давра пасандозҳои шахсони воқеӣ назар ба ин санаи соли гузашта 23,8 фоиз афзуданд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар моҳи январи соли равон бо пули миллӣ 15,92 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,06 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ