26.02.2014
Афзоиши маблағҳои қарзӣ идома дорад
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6 фоиз зиёд шудааст. Дар маҷмуъ 3’106,0 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’564,8 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Дар моҳи январ соли ҷорӣ фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 25,68 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 25,76 фоизи солонаро ташкил намуд.
Илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 88,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,4 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ