Бойгонии ахбор
06.03.2014

Қурби долл. ИМА каме поин рафт

    Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме поин рафта, ба ҳисоби миёна 4,9540-4,9770 сомониро ташкил намуд.
    Дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ низ андаке паст шуда ба 0,1335-0,1345 сомонӣ ва қурби евро бошад, бетағйир боқӣ монда, ба 6,7425-6,7660 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 6 марти қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9590-4,9780 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9600-4,9700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9600-4,9800 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку