Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
01.04.2014

Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад

    Таҳлили бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар охири феврали соли равон нишон дод, ки амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мунтазам афзоиш ёфта истодаанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ нишондиҳандаи мазкур дар санаи номбурда 5’670,9 млн. сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,9 фоиз афзудааст.
    Агар ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, дар ин давра 32,8 фоиз (1’861,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 67,2 фоиз (3’809,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
    Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи феврали соли 2014 бо пули миллӣ 15,48 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,22 фоизи солонаро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку