09.04.2014
Камбудии техникӣ сари вақт бартараф шуд
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон кори худро давом дода истодааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта ба телефони боварӣ аз ҷониби як шаҳрванди Душанбе оид ба кор накардани банкомати воқеъ дар бинои супермаркети «Аврупо» муроҷиат шуд.
Дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонки хизматгузор мушкилоти мазкур бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардид. Маълум шуд, ки банкомати мазкур бинобар сабаби ба амал омадани нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда будааст.
Бо кӯшиши масъулини бонк камбудии ҷойдошта бартараф ва худи ҳамон рӯз банкомат ба кор шуруъ намуд.
Хотиррасон менамоем, ки телефони боварӣ бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, ташкил шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ