Вокуниш ба ахбори «Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?», ки 3 апрели соли равон дар сомонаи «Фараж» нашр шудааст.
Қабл аз ҳама, бояд иброз намоем, ки 3 апрели соли ҷорӣ, соати 10:43 дақиқа дар сомонаи «Фараж» хабаре таҳти унвони «Дар Бонки миллӣ чӣ меҷӯянд?» бо чанд иштибоҳ ба нашр расида буд.
Дар мавриди мавҷуд будани хатогиҳо дар матни ахбор бо иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Дилшоди Абдулмаҷид суҳбати телефонӣ доштем ва баъди он дар маводи нашршуда хатогӣ ислоҳ ва номи «Палатаи савдо» ба «Палатаи ҳисоб иваз карда шуд.
Қобили қайд аст, ки санҷиши феълӣ фаъолияти панҷ соли охири Бонки миллиро дарбар мегирад ва мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дархости расмии Палатаи ҳисоб муҳлати санҷиш тамдид гардид.
Илова бар ин, дар айни замон аз ҷумлаи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ на 40 нафар, балки 16 нафар бо мақсади омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ