23.04.2014
Талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд қонеъ гардид
Омӯзиши нишондиҳандаҳои оморӣ нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд шуд, 8’037,3 сомониро ташкил намудааст. Аз ҷумла, 3’ 264,2 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’ 773,1 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 27,06 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,11 фоизи солона баробар шуданд.
Ҳамчунин дар моҳҳои январ-марти соли равон бо назардошти баланд будани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,0 зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 263,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 28,6 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ