23.04.2014
Иҷозатномаҳо бозхонд шуданд
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 апрели соли равон бинобар сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаҳои Ҷамъияти қарздиҳии дорои масъулияташ маҳдуди «Финансирование торговли» бозхонд ва дар бораи барҳамдиҳии ҷамъияти мазкур ба суд ариза пешниҳод карда шуд.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаҳои ҷамъияти номбурда бозпас гирифта шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ