24.04.2014
Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,0330-5,0520 сомониро ташкил дод..
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ, андаке баланд шуда, ба 0,1396-0,1406 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,8690-6,8920 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 24 апрели қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0430-5,0640 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0600-5,0700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0400-5,0500 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ