Имконияти татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
28.04.2014

Имконияти татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

    «Имконпазирии ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон: мафҳумҳои талаботҳои асосӣ», чунин ном дошт семинари дурӯзае, ки 28 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Дар он намояндагони Бонки Исломии Рушд ва Ширкати «Зайд Иброҳим & Со (Малайзия)», вазорату идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд иштирок намуданд.
     Дар рӯзи аввали кори семинар дар назди ҳозирин оид ба лоиҳаи қонун, амалиётҳои асосии бонкдории исломӣ ва тарзи иҷрои онҳо, муовини Раиси Ширкати машваратии «Зайд Иброҳим & Со» ҷаноби Мадзлан Бин Муҳаммад суханронӣ намуд.
     Иштирокдорони семинар дар муҳокимаи масъалаҳои мазкур фаъолона иштирок варзида, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
     Семинар 29 апрел ҷамъбаст хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку