Семинар оид ба истифодаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
29.04.2014

Семинар оид ба истифодаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

   Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари дурӯза таҳти унвони «Имконпазирии ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон: мафҳумҳои талаботҳои асосӣ» кори худро идома дод.
    Тавре дирӯз иттилоъ дода будем, дар он намояндагони Бонки Исломии Рушд ва Ширкати «Зайд Иброҳим & Со (Малайзия)», Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд иштирок намуданд.

 
   
    Иштирокдорони мулоқот ба суханрониҳои муовини Раиси Ширкати машваратии «Зайд Иброҳим & Со» ҷаноби Мадзлан Бин Муҳаммад ва узви ҳайати ширкати номбурда хонум профессор Аида бинти Озман, ки тамоми ҷанбаҳои масъалаҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ, ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудиторӣ барои созмонҳои молиявии исломӣ, масъалаҳои шариат ва чорчӯбаи қонунгузорӣ, нақшаи машваратчиёни шариат ва талаботи фаъолиятро дар бар мегиранд, мароқи зиёд зоҳир намуданд.
    Дар баррасии мавзуъҳои алоҳидаи семинар иштирокдорони вохӯрӣ фаъолона иштирок ва муҳокимаронӣ карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
    Дар маросими анҷоми кори семинари дурӯза ба 76 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар Шаҳодатномаҳо оид ба имконпазирии татбиқи бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ супорида шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку