Дар машварати корие, ки 28 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ баргузор гардид, роҳҳои саривақт ва босамар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи низоми бонкӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 барррасӣ шуданд.
Дар оғози вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов диққати роҳбарони бонкҳоро ба амалӣ намудани бандҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки ба афзоиши ҷамъоварии амонатҳо, паст кардани фоизи қарзҳо, таъмини дастрасии аҳолӣ ба сарчашмаҳои қарзӣ ва зиёд намудани филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар маҳалҳо равона карда шудааст, ҷалб намуд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ баррасӣ гаштанд, аз ҷумла: ҳамкории ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, пешгирии хавф ҳангоми додани қарзҳо, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, автоматизатсиякунии амалиётҳои бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, таъмини сатҳи баланди ҳисоботҳо ва ғайра.
Роҳбарони бонкҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласа бо мақсади боз ҳам хубтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда пешкаш карданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ