02.05.2014
Қурби долл. ИМА дар ҳафтаи равон андаке паст шуд
Дар қисмати дуюми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна 5,0580-5,0770 сомониро ташкил намуд.
Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро як каме баланд шуда, 0,1403-0,1413 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9129-6,9348 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 2 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0630-5,0830 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0750-5,0850 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0700-5,0800 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ