08.05.2014
Қурбҳои асъори хориҷӣ тағйир ёфтанд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,0715-5,0900 сомониро ташкил намуд.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,1402-0,1413 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9627-6,9862 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 8 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0720-5,0920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0800-5,0900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0800-5,1000 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ