08.05.2014
Кори Телефони боварӣ фаъолтар мегардад
Тавре шаҳрвандони гиромӣ огаҳӣ доранд, соли дуюм аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат «Телефони боварӣ» +(992) 44- 600-15-20 амал менамояд. Қобили қайд аст, ки дар ин давра бо кӯмак ва муроҷиати саривақтии муштариён аксари камбудиҳои ошкоршуда бартараф гардидаанд.
Ҳафтаи равон сокини шаҳри Кӯлоб ба «Телефони боварӣ» дар бораи кор накардани банкомати бахши яке аз бонкҳои тиҷоратӣ, воқеъ дар Раёсати молияи минтақавӣ хабар дода буд.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо масъулини саридораи бонк ва бахши он дар шаҳри Кӯлоб камбудии ҷойдошта бартараф ва хизматрасонии банкомат ба аҳолӣ оғоз ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ