Ташкилотҳои қарзӣ ҳамкориро бо низоми “Контакт” муваққатан қатъ намуданд

Бойгонии ахбор
12.05.2014

Ташкилотҳои қарзӣ ҳамкориро бо низоми “Контакт” муваққатан қатъ намуданд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс»     Зарина Эргашева

    1. Сабабҳои аз кор мондани низоми интиқоли пулии «Контакт» дар чист ва он кай ба амал омад?

    Бинобар сабаби гузаронидани санҷиши «Русславбанк» аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия бо ҷурми шустани пул ва гузаронидани амалиётҳои ғайриқонунӣ, оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноиби Президенти бонки мазкур ва соҳиби низоми «Контакт» аз 28 апрели соли равон барои кам кардани хавфҳои амалиётӣ ва пардохтпазирӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо низоми «Контакт» муваққатан қатъ намуданд.
    Айни замон ташкилотҳои қарзии кишвар то ба эътидол омадани вазъият пешниҳод ва интиқоли маблағҳоро тавассути низоми мазкур маҳдуд кардаанд.

    2. То имрӯз чанд бонк ҳамкории худро бо ин низом барқарор кардааст?

    Ба санаи 5 майи соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо низоми «Контакт» барқарор накардаанд.

    3. Агар бонкҳои Тоҷикистон бо низоми «Контакт» ҳамкориро идома диҳанд, хавфе ба миён меояд?

    Ташкилотҳои қарзӣ маҳз баъд аз пайдо шудани хавфҳои амалиётӣ ва пардохтпазирӣ, яъне анҷом надодани ҳисоббаробар-куниҳо аз ҷониби «Русславбанк», тибқи тавсияҳои сохторҳои идоракунии хавфҳои ташкилотҳои қарзӣ, фаъолиятро бо низоми мазкур муваққатан боздоштанд.

    4. Оё Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолияти низоми мазкур маҳдудиятҳоеро ҷорӣ менамояд ё аз хизматрасонии он даст мекашад?

    Ташкилотҳои қарзӣ тарзи фаъолияташонро бо низомҳои байналмилалии интиқоли маблағҳо дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ба назардошти хавфҳои имконпазир ба роҳ мемонанд. Бо назардошти ҳолатҳои ба вуҷуд омада, талаботҳо ба низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва иштирокдорони ин низомҳо баррасӣ шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку