Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Конун дар бораи “Фаъолияти бонкдории исломи”- ро қабул намуд

Бойгонии ахбор
14.05.2014

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Конун дар бораи “Фаъолияти бонкдории исломи”- ро қабул намуд

    Имрӯз, 14 майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи «Фаъолияти бонкдории исломӣ»-ро тасдиқ намуданд.
    Зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов қайд намуд, ки буҳрони молиявию иқтисодие, ки аз соли 2009 тамоми дунёро фаро гирифта буд, тарзи кори бонкдории исломӣ, ки ин буҳронро муваффақона паси сар намуд, диққати аксари созмонҳои пешқадами молиявии ҷаҳонро ҷалб намуд.
    Бо назардошти ин таҷрибаи пешқадам аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озорбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намудаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку