Шаҳодатномаҳои ду фонди қарзии хурд бозхонд шуданд

Бойгонии ахбор
19.05.2014

Шаҳодатномаҳои ду фонди қарзии хурд бозхонд шуданд

     Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардану зиёновар буданашон ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ Шаҳодатномаҳои Фонди қарзии хурд «Оксус» ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ»-ро бозхонд намуд ва тибқи талаботи муқарарнамудаи қонун дар бораи барҳамдиҳии онҳо ба суд аризаҳо пешниҳод карда шуд.
    Тибқи қарорҳои боло Шаҳодатномаҳои фондҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку