Телефони боварӣ амал менамояд

Бойгонии ахбор
23.05.2014

Телефони боварӣ амал менамояд

    Бо мақсади бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳо дар кори ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ «Телефони боварӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти босамари худро идома дода истодааст. Дар зиёда аз якуним соли фаъолияти он бо пешниҳод ва дархости муштариён камбудиву норасоиҳои дар низоми бонкии мамлакат ҷойдошта дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа бартараф карда шуданд.
    Барои мисол, ҳафтаи ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе ба «Телефони боварӣ» занг зада хабар дод, ки банкомати яке аз бонкҳои пойтахт, ки дар маркази савдои «Аврупо» ҷойгир аст, кор намекунад.
    Маълум гардид, ки банкомат бо сабаби пайдо шудани нуқсонҳои техникӣ – аз кор баромадани як қисмати электронии он аз фаъолият бозмондааст.
   Баъди ҳамкорӣ бо кормандони бонки масъул дар муддати як рӯз камбудии ҷойдошта ислоҳ карда шуд ва хизматрасонии банкомат баъди нисфирӯзӣ оғоз ёфт.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку