29.05.2014
Бақияи умумии қарзҳо 38,4 фоиз афзуд
Таҳлили бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар чор моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки нишондиҳандаи мазкур 8’419,4 млн. сомониро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, 3’566,9 млн. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’ 852,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд.
Дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 27,03 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,95 фоизи солонаро ташкил доданд.
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани талабот ба қарзҳои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз бештар қарзҳои хурд дода шудааст. Ҳамзамон, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 391,0 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ