Боиси ифтихор аст, ки мудири шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон олим ва шоири тоҷик, доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Русия Султонов Мирзоҳасан (Ҳасани Султон) барои дастовардҳои назарраси илмӣ бо ордени муштараки Консорсиюми илмию саноатии Аврупо, Академияҳои табиатшиносии Аврупо ва Русия LABORE ET SCIENTIA (АМАЛУ ИЛМ) мушарраф гардид.
Нишони мазкур ба Мирзоҳасан Султонов дар ҷаласаи нахустини конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Масъалаҳои муҳимтарини илм ва маориф», ки ҳафтаи гузашта дар ш. Масква бо ташаббуси Академияи табиатшиносии Русия дар Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баргузор гардид, супурда шуд.
Қобили қайд аст, ки донишманди тоҷик ба дарёфти ин мукофот аз тарафи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
Ҳамчунин донишманди тоҷик дар ҷаласаи умумии конфронси мазкур дар мавзўи «Мушкилоти забони илм дар Тоҷикистон» маърӯза карда, ҳамраисии ин конфронси бонуфузи байналмилалиро ба зимма дошт.
Хадамоти матбуоти
БМТ