04.06.2014
Нуқсони техникӣ сари вақт бартараф шуд
Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон кори худро давом дода истодааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта ба телефони боварӣ оид ба кор накардани банкомати яке аз бонкҳои тиҷоратӣ, воқеъ дар беморхонаи «Қараболо» муроҷиат шуд.
Дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонки хизматгузор мушкилоти банкомати мазкур, ки бинобар сабаби ба амал омадани нуқсони техникӣ аз фаъолият бозмондааст, бо андешидани чораҳои фаврӣ бартараф ва худи ҳамон рӯз ба кор шурӯъ намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ