Баргузории омӯзиши ихтисосии муштарак барои ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо Коммертсбонк

Бойгонии ахбор
16.06.2014

Баргузории омӯзиши ихтисосии муштарак барои ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо Коммертсбонк

     11-12 июни соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Commerzbank AG (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) омӯзиши ихтисосӣ дар мавзӯи «Фаъолияти байналмилалии бонкӣ» бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гашт.
    Омӯзишро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.
     Дар ин омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳои фаъолияти бонкӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, аз ҷумла: амалиётҳои қарзӣ дар бонкдории байналмилалӣ, фаъолияти созмонҳои молиявӣ ва тарзу услубҳои амалиёти интиқолӣ.
    Чунин ҳамоиши васеи мутахассисон дар доираи ҳамкорӣ бо бонки мазкур дар ҷумҳурӣ маротибаи аввал барпо шуда, дар назар дошта мешавад, ки чунин таҷриба минбаъд низ ба нақша гирифта шавад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку