20.06.2014
Содироти мол кам, вале воридоти он зиёд шуд
Мутобиқи маълумотҳо ҳаҷми содироти мол дар давоми панҷ моҳи соли равон 414,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 119,5 млн. долл. ИМА ё 22,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридоти мол 1’916,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 308,0 млн. долл. ИМА ё 19,1 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ