19.06.2014
Қурби миёнаи долл. ИМА дар ҳафтаи равон каме паст шуд
Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ ҷумҳурӣ тадриҷан паст шуда истодааст. Имрӯз, 19 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,0000-5,0350 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0400-5,0500 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,0600-5,0700 сомонӣ баробар аст.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, ба 0,1450-0,1458 сомонӣ барои як рубли русӣ, ба 6,8540-6,8790 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ