23.06.2014
Афзоиши маблағҳои қарзӣ идома дорад
Бақияи умумии қарзҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст. Дар маҷмуъ 3’589,5 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5’011,0 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 59,1 фоиз (5 082,9 млн. сомонӣ) қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9 фоиз (3 517,6 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии мамлакат дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,20 фоизи солонаро ташкил намуд.
Илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 488,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,0 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ