25.06.2014
Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд
Афзоиши бомароми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат аз баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Тавре аз нишондиҳандаҳои охир бармеояд, бақияи пасандозҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,8 фоиз афзуд.
Таҳлили моҳи май нишон дод, ки таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро 32,1 фоиз (1’869,5 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 67,9 фоиз (3’950,7 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,33 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,16 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ