Ҳамкориҳои самарабахш

Бойгонии ахбор
25.06.2014

Ҳамкориҳои самарабахш

    24 июни соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ширкати «Компас Плюс »семинар дар мавзӯи «Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ» баргузор гардид.
    Дар он намояндагони Ширкати «Компас Плюс», Низоми пардохти UnionPay, ОРС (Низоми ҳисоббаробаркунии маҷмӯи - Россия), Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ иштирок намуданд.
    Семинарро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода ифтитоҳ намуд. Сипас оид ба моҳияти мавзӯи семинар намояндаи Ширкати «Компас Плюс» Денис Романов ва директори Департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабов дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
   Иштирокдорони семинар дар муҳокимаи масъалаи мазкур фаъолона иштирок варзида, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку