Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохила

Бойгонии ахбор
26.06.2014

Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохила

    Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил буда, ба ҳисоби миёна ба 5,0240-5,0440 баробар буд. 
    Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ андаке баланд баромада, ба 0,1455-0,1465 сомонӣ барои як рубли русӣ ва бо евро бошад каме паст фаромада, ба 6,8158-6,8370 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
    Имрӯз, 26 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,0280-5,0480 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0225-5,0325 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,0200-5,0400 сомонӣ баробар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку