02.07.2014
ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИДИ ТАҶҲИЗОТ
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳвил ва насби Низоми назорати видеоӣ озмун эълон менамояд.
Тавсифи муфассали таҷҳизоти харидашаванда ва шартҳои қарордод, ҳамчун расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он бояд аз пардохти маблағи бебозгашт – 120 сомонӣ ба хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон ва дархости хаттии молрасон ба вай пешниҳод карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун пешниҳоди саривақтии дархости тендерӣ зарур аст. Дархосте, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд на дертар аз 16 июли соли 2014 то соати 14-00 ба нишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734006, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-107 А пешниҳод карда шаванд.
Сана ва вақти кушодани дархост: 17 июли соли 2014, соати 10-00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишони шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107 А.
Телефон барои маълумот: (+992) 44-600-31-42
Хадамоти матбуоти
БМТ