“Телефони боварӣ” мушкилоти шаҳрвандонро осон менамояд

Бойгонии ахбор
02.07.2014

“Телефони боварӣ” мушкилоти шаҳрвандонро осон менамояд

    Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон ба кори худ идома медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар моҳи июн аз тарафи шаҳрвандон ба «Телефони боварӣ» 22 шикоят ва дархост дар бораи кор накардан ва пули нақд надоштани банкоматҳои бонкҳои тиҷоратӣ ворид гардид.
    Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо масъулони бонкҳо нисбати шикоят ва дархостҳои муштариён чораҳо андешида шуданд ва мушкилоти ҷойдошта саривақт ҳалли худро ёфтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку