Камбудиҳо ҳастанд, вале онҳо бартарафшавандаанд

Бойгонии ахбор
10.07.2014

Камбудиҳо ҳастанд, вале онҳо бартарафшавандаанд

Ҷавоб ба мақолаи «Боди Файзобод биноҳои бонкро валангор кардааст?», ки 21 майи соли равон дар ҳафтаномаи«Фараж» ба нашр расидааст.
    Бо мақсади муайян намудани вазъи воқеӣ ва то чи андоза ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ будани биноҳои филиалҳои ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк», ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Ориёнбонк» воқеъ дар н.Файзобод, ки оиди онҳо дар мақолаи «Боди Файзобод биноҳои бонкро валангор кардааст?» сухан меравад, аз ҷумлаи масъулини Бонки миллии Тоҷикистон комиссияи салоҳиятдор ташкил карда шуд. 
    Комиссияи номбурда баъди санҷиш муайян намуд, ки дар ҳақиқат вазъи бинои филиали ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» воқеъ дар н.Файзобод ташвишовар мебошад ва ин ҳолат аз тарафи гурӯҳи санҷишгарони Бонки миллии Тоҷикистон, ки ҳар сол таҳти санҷиши нақшавӣ қарор мегирад, қайд шудааст.
    Дар санҷиши охирини филиали ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ки дар моҳи феврали соли 2014 гузаронида шуда буд, дар баробари камбудиҳои ошкоргардида, камбудиҳо оиди ҳолати бино ва таҷҳизотҳои кории филиал нишон дода шудаанд.
    Аз ҷумла, дар санади санҷишии филиали номбурда омадааст: «Қобили қайд аст, ки ҳолати бинои филиал ва утоқҳои корӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд. Мизу курсии корӣ ва таҷҳизоти техникии он фарсуда ва таъмирталаб мебошад. Пешдолони филиал барои қабули муштариён таҷҳизонида нашудааст. Ҳолатҳои номбаршуда бевосита ба баланд шудани сатҳи хавфи амалиётӣ мусоидат менамоянд».
    Оид ба эродҳои санҷишгарони Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҳолати бинои филиали ҶСП БСТ ТИСТ директори он Хоҷаев У. бинои нав ва ҳозиразамони филиалро нишон дода изҳор дошт,ки тибқи нақша бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» 27 июни соли равон кушода мешавад.
    Дар робита ба ин, тавре дар мақола омадааст, ки гӯё «санҷишгарони Бонки миллии Тоҷикистон ба дохили бинои филиали ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» надаромада бошанду аз кӯча хайрухуш карда рафта бошанд» ва «Филиали шумо зӯр, мо шуморо проверка намекунем»гуфта бошанд, асоси воқеӣ надорад.
    Инчунин қайд кардан зарур аст, ки зимни санҷиш ҳолатҳои саривақт надодани маблағҳои интиқолӣ ба муштариён муайян карда нашудааст.
    Дар баробари ин, ба маълумоти муштариён мерасонем, ки ҳангоми ҷой доштани ягон камбудӣ, ба монанди саривақт надодани маблағ, онҳо метавонанд ба Телефони боварӣ ((+992-44) 600- 15-20)-и Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман муроҷиат намоянд.
    Филиали ҶСК «Ориёнбонк» воқеъ дар н.Файзобод муваққатан дар меҳмонхонаи н.Файзобод ҷойгир мебошад ва он ҳам дар рӯзҳои наздик ба бинои нави замонавӣ, ки сохтмонаш бапуррагӣ анҷом ёфтааст, мегузарад.
    Ҳолати бинои филиали ҶСК «Агроинвестбонк» бошад, хеле хуб аст, зеро дар бинои мазкур чанд сол пеш таъмири асосӣ гузаронида шуд ва он бо мебел ва таҷҳизоти техникии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ҷавобгӯи талабот мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку