14.07.2014
Даъватнома барои иштирок дар озмун
Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Бонки миллии Тоҷикистон, (734003, ш.Душанбе, х.Рудакӣ 107 А) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд-молрасонҳо) барои ширкат дар озмуни кушода бо иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани Шартнома дар бораи дастрас намудани маводҳои сохтмонии зерин:
Арматураи андозааш гуногуни навъи А-III ба миқдори 760,00 тонна ва Арматураи андозааш гуногуни навъи А-I ба миқдори 70,00 тонна даъват менамоем.
Шартҳои асосии Шартнома аз рӯи натиҷаҳои озмун басташаванда аз инҳо иборат аст:
- Расонидани маводҳои сохтмонӣ ба иншооти харидор воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ҷамоати Варзоб-қалъа;
- Муҳлати расонидани маводҳои сохтмонӣ 3-моҳро аз руӯи ба имзо расонидани Қарордоди харид ташкил медиҳад;
- Пешпардохт дар ҳаҷми 70% маблағи қарордод;
Ҳар гуна молрасон (пудратчӣ) метавонад иштирокчии озмун бошад. Иштирокчие, ки ба талаботи зерини тахассусӣ ҷавобгӯй мебошад, метавонад ғолиби озмун гардад:
- Дорои салоҳияти кофии касбӣ ва захираҳои молиявӣ бошад;
- Ғайри қобили пардохт ё муфлис набошад;
- Оид ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарздор набошад ;
- Барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ё вайрон кардани талаботҳои Қонуни ҶТ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор ба феҳристи молрасони беэътимод (бевиҷдон) дохил карда нашуда бошад;
- Барои имзои қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.
Шакли муфассали талабот нисбат ба иштирокчиён, инчунин нисбат ба тартиби тасдиқи мувофиқат ба ин талабот дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ шудааст.
Тавсифи муфассали маҳсулоти харидашаванда ва шартҳои Шартнома, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом молрасон бо дархости хаттии вай ба тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:
- Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тендерӣ - х.Рудакӣ 23/2;
Барои иштирок дар озмун сари вақт додани дархости тендерӣ зарур аст, ки он бояд дар Бинои маъмурии Бонки миллии Тоҷикистон аз 14-июл то соати 10-00, 21-июли соли 2014 пешниҳод карда шавад.
Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ки замимаи ҷудонашавандаи ин даъватнома мебошанд, дарҷ гардидаанд.
Телефон барои тамос: 600-15-02; 600-31-04
Хадамоти матбуоти
БМТ