Муаррифии намудҳои хизматрасонии бонкдории мобилӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
21.07.2014

Муаррифии намудҳои хизматрасонии бонкдории мобилӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

     Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ намудҳои хизматрасонии бонкдории мобилӣ ё ба истилоҳ “мобайлбанкинг” ҷорӣ карда шуда истодааст. Муаррифии намудҳои хизматрасонии бонкдории мобилӣ 21 июли соли равон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз телефонҳои мобилӣ метавонанд, аз хона набаромада, амалиёти бонкӣ анҷом диҳанд. Агар мехоҳанд, ба воситаи телефони худ пардохти пули барқу пули хизматрасониҳои маиширо анҷом диҳанд ва ё ба суратҳисоби лозим пул интиқол диҳанд, чизе харидорӣ кунанд.
    Ташкилотҳои қарзии ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Авфар”, ҶСП ТАҚХ “Самар” ва ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” аввалин ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасонии бонкдории мобилиро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.
    Бо ҷорӣ намудани бонкдории мобилӣ Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки дар он бонкдории мобилӣ ҷорӣ карда мешавад.
    Қаблан натиҷаҳои таҳқиқоте, ки дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, нишон додаанд, ки алоқаи мобилӣ дар кишвар густариш ёфта, аксари аҳолии Тоҷикистон аз он истифода мебаранд. Ин яке аз омилҳои асосӣ барои тавсеаи муваффақонаи бонкдории мобилии мувофиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ дар кишвар аст.
    Хизматрасониии бонкдории мобилӣ ба муштариён имконияти иҷро намудани амалҳо аз қабили интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, пардохти хариди мол ва хизматрасониҳо, пардохт аз рӯи ҳисобномаҳо, интиқоли маблағ ба гирандае, ки суратҳисоб надорад, пардохти қарз ва дастрас намудани маълумот оиди бақияи суратҳисоб, қурби асъор ва ғайраро ниҳоят осон мекунад.
    Барои зиёд гардидани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ татбиқи воситаҳои муосири пардохтии электронӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, низомҳои пардохтии мобилӣ (бонкдории мобилӣ) ва ғайра лозим мебошанд.
    Низомҳои пардохтии мобилӣ ба аҳолии кишвар новобаста аз маҳали ҷойгиршавӣ ва вақт анҷом додани пардохтҳоро бо истифодаи телефонҳои мобилӣ имконият медиҳанд, ки ин омилҳо оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохтиро дар байни аҳолӣ зиёд намуда, барои устувории низоми пардохти миллӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку