Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме коҳиш ёфтанд

Бойгонии ахбор
24.07.2014

Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме коҳиш ёфтанд

    Дар давоми ҳафтае, ки алҳол ҷараён дорад, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,0560-5,0780 сомониро ташкил намуд.
    Ҳамзамон қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме коҳиш ёфта, 0,1435-0,1445 сомонӣ ба як рубли русӣ, ба 6,8170-6,8480 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    Имрӯз, 24 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0560-5,0790 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0600-5,0700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0600-5,0800 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку